Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва чанде аз роҳбарони раёсатҳои вазорати мазкур бо сафари корӣ озими водии Рашт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар ҳайати вазорат бо мақомоти раҳбарӣ ва воҳидҳои вазорат дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт мулоқот ороста, дар он масоили марбут ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, пардохти саривақтии нафақа ва кӯмакпулиҳо ва ҷараёни ҷамъоварии андозҳои иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар бинои ҳукумати ноҳияи Рашт М.Маҳмадаминов шаҳрвандони минтақаро ба ҳузур пазируфта, кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки мувофиқи салоҳияти вазорат ва имконоти ҳалли масъала дар маҳал ба мушкилоти мавҷудаи онҳо ҳарчи зудтар расидагӣ кунад.

Қобили зикр аст, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар моҳи феврал низ ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Хуҷанд сафар карда, шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта буд.