Созмони байнулммилалии «Хабарнигорони бидуни марз» рӯзи 12-уми март рӯйхати нави ҳамасолаи давлатҳои «душманони интернет»-ро интишор кард, ки соли равон ба назорат аз болои интернет ва пайгирии корбарони он бахшида шудааст.

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои «душманони интернет» шомил накарда, аммо зикр намудаанд, ки ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон сензураи оммавии интернет ба мушоҳида мерасад. «Соли 2012 танҳо сомонаи агентии иттилоотии «Азия-Плюс» се маротиба баста шуда, он замон ширкатҳои фароҳамсози интернет маҳдудияти дастрасиро ба мушкилоти фаннӣ нисбат доданд», - баён мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориши созмони «Хабарнигорони бидуни марз» гуфта мешавад, қатъи фаъолияти сомона ба баъзе хисороти молӣ ва ба то андозае аз даст додани нуфузи агентӣ боис гардидааст.

Бино ба маълумоти созмон, соли гузашта як муддате ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои РИА «Новости»,  Lenta.ru,  Vesti.ru, Fergananews.com, ВВС ва Centrasia.ru низ қатъ гардида буд.

Созмон ишора мекунад, ки ҳарчанд Тоҷикистон ба сафи кишварҳои душманони интернет шомил нагардида бошад ҳам, «вале возеҳ аст, ки баҳри соли оянда ба ин рӯйхат ворид гардидан, Душанбе тамоми кори аз дасташ меомадаро ба сомон мерасонад, ки метавонад ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад».

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони тоҷик бо пайравӣ аз Қазоқистон мунтазам дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ намуда, ба таҷрибаи бадтарини Ӯзбекистону Туркманистон дар ин самт наздик шудан доранд.

Дар гузориши нав созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ба панҷ кишвари душманони интернет – Вйетнам, Сурия, Чин, Баҳрайн ва Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро «ҷосуҳои хеле фаъол» номидааст, ки мунтазам интернетро баҳри мубориза бо дигарандешӣ таҳти назорат қарор додаанд.