Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Коркарди партовҳои дурушти маишии шаҳри Хуҷанд», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) маблағгузорӣ мешавад, конфронси матбуотӣ доир гардид.

Мушовир оид ба масоили экологии лоиҳа Наташа Сим изҳор намуд, ки қисматҳои асосии лоиҳа аз барқарор кардани нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва маркази амалиётӣ, таҷдиди партовгоҳ, корҳои сохтмонӣ дар партовгоҳи мавҷуда ва васеъ кардани он, анҷом додани корҳои поккунии гирду атрофи партовгоҳ, дастрасии таҷҳизоти махсус барои коркарди партовҳои дурушти маишӣ, воситаҳои нақлиёти махсус ва таҷҳизоту дастгоҳҳои корӣ иборатанд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур мушовир оид ба масоили иқтисодӣ Кван Қосимбеков иброз дошт, ки аз оғози сол тарофаҳо барои тозакунии партовҳо боло рафта, айни замон талаби БАТР аз он иборат аст, ки нархҳо ба сатҳи таваррум мувофиқат дошта бошанд, то ки ширкати ба ҷамъоварии партовҳо машғул пардохтҳои минбаъдаи қарзи гирифта аз бонк (2,5 млн. $)-ро таъмин карда тавонад.

Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии лоиҳаи коркарди партови дурушти маишӣ ва таҷдиди партовгоҳи мавҷудаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби БАТР дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мешавад, ки 2,5 млн. доллари онро маблағи грантии Хазинаи саҳомии махсуси БАТР ташкил медиҳад.