Як гурӯҳи мусулмонон кормандони пулиси шаҳри Сургути Русияро ба ҳамла ба мизоҷони чойхонаи «Ҳалол» гунаҳкор карданд.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «СургутИнформТВ», ҷабрдидагон изҳор доштаанд, ки шоми 3-юми март ба чойхонаи воқеъ дар назди масҷид кормандони гурӯҳи таъиноти махсуси пулис бо ниқоб ва автоматҳо ворид шуда, тақрибан 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистону Озарбойҷонро, ки он замон дар чойхона қарор доштаанд, ба фарш хобонида, мавриди кофтуков ва сипас маҷбур сохтаанд, ки ришҳояшонро қайчӣ зананд.

«Ба ман шарт гузоштанд, ки агар худат ришҳоятро қайчӣ назанӣ мо онро бо оташафрӯзак (зажигалка) оташ мезанем», - гуфтааст яке аз ҷабрдидагон.

Ба қавли ҷабрдидагон, пас аз ин ҳодиса онҳоро ба шуъбаи пулис оварда, танҳо субҳи 4-уми март ба хонаҳояшон рухсатӣ додаанд.

Алҳол аз ҷониби маҳз кадом воҳиди пулис баргузор кардани ин амалиёт мушаххас нест ва шабакаи телевизионии «СургутИнформТВ» ба ВКД оид ба шарҳи ин қазия дархост фиристода, вале то ҳанӯз посухе дастрас накардааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Автономияи миллии тоҷикони шаҳри Сургут Файзулло Аминов дар ин робита гуфтааст, барои ин ҳодиса сардори пулиси шаҳр аллакай аз ӯ маъзарат хостааст.

Ба хабаргузории Интерфакс доир ба ин ҳодиса аз мақомоти пулис иттилоъ додаанд, ки сабаби ба чойхона сафарбар шудани кормандони пулис хабари расида дар бораи муноқиша будааст. ВКД дар мавриди ҳодисаи мазкур санҷиши дохилӣ доир карданӣ будааст.