Ба муносибати таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯзи истироҳат эълон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгуззорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумон Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад.

«Аммо агар рӯзҳои ид ба рӯзҳои истироҳат рост оянд, дар ин сурат рӯзи минбаъдаи корӣ рӯзи истироҳат эълон мешавад ва чун ду рӯзи охири  таҷлили ҷашни расмии иди Наврӯз ба рӯзҳои 23 ва 24-ум (шанбе ва якшанбе) рост меоянд, мутаносибан онҳо ба рӯзҳои 25 ва 26-уми март гузаронида мешаванд», - шарҳ дод вакили парлумон.

Ҳамин тариқ, соли равон дар Тоҷикистон рӯзҳои аз 21 то 26-уми март рӯзҳои истироҳат шуморида мешаванд.