Имрӯз дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидова баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Воҳидова иброз дошт, имрӯз ҷонибҳо аз ҳамдигар тамоми далоили марбут ба баҳсро талаб намуда, дар сурати розӣ будани ҳарду ҷониб, аллакай дар рӯзи аввал бевосита мурофиа оғоз мегардад.

Чанде қабл ҳамин суд санаи оғози мурофиа мазкурро, ки ба санаи 11-уми март таъин шуда буд, ба имрӯз, 14-уми март гузаронида буд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард.