Нобаробарии гендерии бар асари муҳоҷирати корӣ пайдошуда ба камбуди шумори мардон дар Тоҷикистон боис гардида, ба никоҳҳои маҷбурии барвақтӣ дар кишвар сабаб мешавад.

Дар гузориши таҳияшуда дар чаҳорчӯби барномаи минтақавӣ оид ба муҳоҷирати корӣ дар Осиёи Марказӣ ва Русия, ки муштаракан аз ҷониби Созмони ҷаҳонии  муҳоҷират, СММ ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии молиявии Сафорати Британияи Кабир амалӣ мешавад, зикр мегардад, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар муқоиса бо шумори занон мардон дар Тоҷикистон 0,6% зиёдтаранд, вале бинбар сабаби муҳоҷирати корӣ, шумори воқеии мардон дар ҷумҳурӣ камтар аст.

«Ҳарчанд аз моҳи январи соли 2011 ҳукумати Тоҷикистон никоҳи духтарон то синнусоли 18-соларо манъ карда бошад ҳам, таҷриба иҷрои начандон қобили мулоҳизаро бозгӯ аст. Муроҷиатҳо оид ба риоя накардани қонун қариб нестанд, ҳукуматдорон бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ба корҳои оилавӣ дахолат накунанд, аммо табибон назорати масъалаи мазкурро зарур медонанд, зеро 80%-и марги занон ҳангоми таваллуд ба минтақаҳое рост меоянд, ки дар онҳо бештар никоҳҳои барвақтӣ роиҷанд», - гуфта мешавад дар гузориш.

Тибқи таҳқиқот, никоҳҳои маҷбурӣ дар Тоҷикистон омили муҳими афзоиши хатари худкушӣ, бахусус миёни духтарон шудааст.

Муаллифони таҳқиқот маълумот медиҳанд, ки натанҳо 30%-и муҳоҷирони кории муҷарради тоҷик дар Русия оиладор мешаванд, балки 50%-и мардони оиладори тоҷик низ дар сафар ақди никоҳи қалбакӣ мебанданд. Ин ба аз ҳам пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон боис гардида, аллакай ба он оварда расонидааст, ки ҳудуди 300 ҳазор занони синнусоли то 30-сола дар Тоҷикистон оиладор нестанд.

Гуфта мешавад, синнусоли миёнаи оиладор шудани занон дар Тоҷикистон аллакай ба 25-солагӣ расидааст. Солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз ҳам ҷудошавии оилаҳо ба таври назаррас рӯ ба афзоишиниҳода, аз 2,9 ҳодиса ба 1000 нафар дар соли 2005 то ба 6 ҳодиса ба 1000 нафар дар соли 2010 расидааст.