Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии сардори Хадамот Сафиалло Девонаев бо директори генералии Фонди рушди ҳамбастагии байналмилалӣ «Добрососедство» Алисов Николай Александрович баргузор гардид.

Бино ба иттилоишӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот С.Девонаев аҳамияти пурзӯр намудани ҳамкориҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо ва дар асосӣ қонун фаъолият намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ҳамзамон дар қаламрави Федератсияи Россия, муҳим ва саривақтӣ хонд. 

Директори генералии Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» ҳамзамон аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Россия дар вилояти Москва Н.А. Алисов иброз дошт, ки сарфи назар аз он ки Фонди мазкур ғайридавлатист, бевосита барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия бо ХМФ Россия ҳамкории зич дошта ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумакҳои бебозгашт мерасонанд. 

Мақсад аз ташриф овардани Н.Алисов ин ба имзо расонидани «Меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни ХМ назди ҲҶТ ва Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» мебошад. Меморандуми мазкур баҳри таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон, таъмини мубодилаи иттилооти доимӣ оид ба вазъи муҳоҷирон, доштани таҷриба дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, оид ба кортаъминкунандагони Федератсияи Россия, таъмини ҳафзи ҳуқуқ ва ичтимоии муҳоҷирон дар ҳудуди ФР ва муҳоҷирони ФР дар ҳудуди ҶТ ва дигар имкониятҳоро фароҳам меорад.

Дар рафти вохӯри тарафҳо доир ба кушодани Намояндагии Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа омаданд.