Дар Душанбе китоби нави табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ «Саратон табобатшаванда аст» ба табъ расид.

Дар рисола муаллиф перомуни бемории саратон, роҳҳои муолиҷаи он ва нақши рустаниҳои доруворӣ дар пешгирӣ ва табобати ин беморӣ маълумот медиҳад.

Муаллиф қайд менамояд, ки имрӯз ҳудуди 100 сабаби пайдо шудани бемории саратон мавҷуд аст, ки дар ин қатор ифлосии муҳити зист, тамокукашӣ, истеъмоли машруботу маводи нашъаовар, стресс, ба таври густарда ба компютер рӯ овардани аҳолӣ ва ғайраро метавон ном бурд.

Китоб бо теъдоди ҳазор нусха ба чоп расида, дар он тарзу усулҳои пешгирӣ ва муолиҷаи имконпазири бемории  саратон, истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар ин маврид ва маслиҳату тавсияҳои амалии муаллиф зикр ёфтаанд, бешубҳа дархӯри мубталоёни ин беморӣ хоҳанд шуд.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари дунё ҳолатҳои маргумир бар асари бемории саратон тамоили болоравӣ дошта, соли 2030 ба 13,1 млн. ҳолат мерасанд.