Чанде қабл дастгирии бевоситаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар доир гардид.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот  ӯ доир ба таъсиси ХМ, самтҳои асосии фаъолият ва корҳое, ки то кунун тавассути ХМ анҷом дода шудаанд, маълумот дод.

 Ў қайд намуд, ки «муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд ва тибқи маълумотҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират(СбМ)дар соли 2010 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 214 миллион нафарро ташкил дода, бо пешбиниҳое, ки коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират анҷом додаанд то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад».

 «Бояд қайд намуд, ки қариб 90%-и муҳоҷирони меҳнатии мо ба ФР сафар менамоянд ва омӯзиши забони русӣ ва доштани касбу ҳунар яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад, - гуфт ӯ. -  Дар баробари дигар забонҳо омӯзиши забонҳои англисӣ, немисӣ ва арабӣ низ бо дарназардошти тағйири раванди муҳоҷират дар ҷаҳон яке аз афзалиятҳои Хадамоти муҳоҷират ба ҳисоб меравад».

 Ба қавли вай, надоштани касб ва надонистани забон яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатии мо мебошанд, ки ҳангоми сафар ба хориҷа бештар бо ин мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд.

«Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷират тадбирҳои судманд меандешад ва мо бояд аз таҷрибаи бойи бархе аз кишварҳо ҳангоми бастани созишномаҳо назири Ҷумҳурии Туркия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ истифода кунем», - афзуд сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми мулоқот дипломатҳои Тоҷикистон омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо Хадамоти муҳоҷират баён доштанд.