Соҳибкорону тоҷирони шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз – 21-уми март аз ҳисоби худ як иқдоми рамзие бо ишора ба соли 2013 анҷом дода, тӯйи 13 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоатро барпо намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар дод, соҳибкорон дар баргузории тӯи хатнаи то 30 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд низ саҳм хоҳанд гирифт. «Кормандони мақомоти шаҳрдорӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ба кӯдакони маъюб, афроди яккаву танҳо ва нафақахӯрону пиронсолон кӯмак хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба ин монанд чорабиниҳо дар 4 ҷамоати ноҳияи Кӯлоб низ доир мегарданд.