Чанде қабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии Наврӯз як чорабинии махсус баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни суханронӣ назди ҳозирин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун таъкид дошт, ки ин ҷашн рамзи ҳамоҳангӣ бо табиат, ҳамраъйии мардумӣ ва иқдомоти тоза аст.

«Ин ҳамон арзишҳое мебошанд, ки ба мо ҷиҳати ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо заруранд», - изҳор намуд Пан Ги Мун.

Ёдрас мекунем, ки 23-юми феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Македония, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Туркия Маҷмаъи Умумии СММ санаи 21-уми мартро Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эълон кард.

Айни замон дар Эрону Афғонистон санаи 21-уми март ҳамчун оғози Соли нав ҷашн гирифта шуда, дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар манотиқи Русия, ҳамчунин дар ноҳияи Синтзяни Уйғури Чин, Албания, Курдистони Ироқ, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Македония, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мегардад.