Санаи 22-юми марти соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи умумиҷаҳонии обро таҳти шиори «Оби соф барои дунёи солим» ҷашн мегирад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Душанбе хабар доданд, дар доираи фаъолиятхои ҷашнгирии ин рӯз, сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ва роҳбари дафтари идораи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон хонум Кэтлин Mак Доналд дар маросими ифтитоҳи расмии Иттиҳодияи истифодабарандагони оби «Наврӯз» дар ноҳияи Шаҳритӯс ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, сокинон ва иҷрокунандагони иқдоми Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири фардо» низ дар ин маросим иштирок карданд. Иттиҳодияи истифодабарандагони об «Навруз» ба 22 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳритӯс дастрасӣ ба оби полезиро таъмин хоҳад кард.

Қобили зикр аст, кеи аз моҳи октябри соли 2010 инҷониб бо дастгирии USAID ҳабдаҳ (17) Иттиҳодияҳои истифодабарандагони об дар ноҳияҳои зерин ба фаъолият оғоз карданд: Восеъ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хисрав, Ҷ. Румӣ, Ҷиликӯл ва Вахш. Дар натиҷаи фаъолияти ин Иттиҳодияҳо 42 ҳазор га замин бо оби полезӣ таъмин шуда, беш аз 280 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои номбаршуда аз он баҳра хоҳанд гирифт.

Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.