Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои идонаи мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба таҷлили ҷашни Наврӯз, чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт аз шоми 20 март оғоз гардида, то 25-уми марти соли 2013 идома меёбанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои идона субҳи 21 марти соли 2013 дар таносуби чор навоҳии шаҳр аз нуқтаҳои баландтарини пойтахт, яъне маҳаллаҳои "Бадахшон" - и ноҳияи Шоҳмансур, "Кӯҳдоман" - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, "Лучоб" - и ноҳияи Сино ва шаҳраки 24 - и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гашта, аз ин мавзеъҳо "Корвони наврӯзӣ" ба самти ҳар як маҳаллаю шаҳрак бо ширкати вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, сохторҳои давлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, адибон ва фаъолони пойтахт раҳсипор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, вуруди субҳи наврӯзӣ - 21 марти соли 2013 бо фейерверкҳои идона дар Боғи Ғалаба истиқбол карда мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ аз сокинони шаҳр хоҳиш намудааст, ки бо истиқболи фаъолонаи хеш аз вуруди субҳи наврӯзӣ нисбати пазироии фейрверкҳои идона бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.