Намоишномаҳои Сирки калони Маскав дар Душанбе таҳти роҳбарии Ҳунарманди халқии Русия Виктор Шемшур идома меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов хабар дод, бо дархости сершумори тамошобинон Сирки Маскав тасмим гирифтааст, ки боз 10 намоишномаи худро дар Душанбе ба онҳо пешкаш созад.

«Имрӯзҳо сирки мо ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз ба сокинону меҳмонони пойтахт барннмаи сесоатаи худро намоиш медиҳад ва аз ин рӯ, ҳунармандони сирки Маскав ба намоишҳои худ аз моҳи апрел дубора оғоз мебахшанд», - иброз дошт вай.

Ба қавли номбурда, ҳанӯз санаи дақиқи оғози дубораи намоишномахои ҳунармандони Сирки Маскав мушаххас нест, вале эҳтимоли қавӣ меравад, ки онҳо аз 3-юми апрел шурӯъ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки намоишномаи аввали ҳунармандони Сирки Маскав дар Душанбе 23-юми феврал оғоз гардида, то 17-уми март идома ёфт. Сафари ҳунармандони Сирки Маскав ба Душанбе дар доираи ҳамкориҳои сиркҳои Маскаву Русия ҷараён дорад.