Беш аз 3 ҳазор нафар сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бори нахуст бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Восеъ хабар дод, ин иқдоми наҷиб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуҳалим Мардонов ҳамчун туҳфа ба ҳамдиёрон амалӣ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкор корҳои пармакунии чоҳ дар назди деҳаро маблағгузорӣ намуда, аз ҳисоби худ пойгоҳҳои обкашӣ харидорӣ намуд ва 22 адад нуқтаи интиқоли об (водпроводҳоро) насб кард, ки акнун интиқоли оби тоза ба аҳолӣ таъмин гардид. «Ҳамчунин зарфи ғунҷоишаш 50 тонна барои об низ гузошта шуд, ки мунтазам пур карда мешавад», - гуфтанд дар ҳукумати ноҳия.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳамин деҳа соҳибкори дигар Сангаҳмад Тиллоев як қисмати манзили шахсии худро барои кушодани китобхонаи умумӣ ҷудо карда, аз китобхонаи шахсиаш онро бо 6 ҳазор нусха китобҳо таъмин кардааст. Дар маросими ифтитоҳи китобхона адибони маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки аз захираҳои худ барои китобхона 200-300 нусхагӣ китоб хоҳанд дод.