Дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон ҳудуди 4,7 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 23%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 20,2 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 11,7 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», - мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, моҳҳҳои январ-феврали соли равон беш аз 1,1 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 386 ҳазор сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми марти соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ беш аз 76 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 54,3 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра наздики 3 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва 402 нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба 233 нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 25,2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 32% зиёдтар аст.