Имрӯз дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси дуюми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба Технологияҳои озод ва кушодаасос ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре аз ТҶ «Маркази Технологияҳои Информатсионӣ-Коммуникатсионӣ» хабар доданд, конфронсро ташкилоти мазкур таҳти роҳбарии Шӯро оид ба ТИК-и назди президенти Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии марбут ба ТИК барои рушди кишвар мегузаронад. Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Барномаи Иттилоотии  Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»" – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мегузарад.

Ҳадафи Конфронс – мусоидат дар рушди платформаи кушода, шаффоф ва аз нигоҳи технологӣ созгорпазири тадбирҳои ТИК тавассути пешбурди стандартҳо, технология ва чораҳои литсензионии кушодаасос мебошад.

Конфронси технологияҳои озод ва кушодаасос – ин силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки ба татбиқи Нармафзорҳои озод ва кушодаасос (НОКА), махзанҳо, системаҳо ва дигар маводи донишбунёди рақамии кушода барои рушд бахшида шудаанд. Дар ин рӯзҳо дар баробари Конфронси минтақавӣ, инчунин ташкили силсилаи мастер-класс ва презентатсияҳо аз ҷониби коршиносони ватанию байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори Конфронс мутахассисони соҳаи Технологияҳои озод ва кушодаасос аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок доранд.

Мастер-класс ва презентатсияҳо ҷиҳати татбиқи технологияҳои кушодаасос дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дирӯз, 26-уми март баргузор шуданд.

Дар конфронс пажӯҳишҳои илмӣ, гузоришҳо доир ба лоиҳаҳои НОКА-меҳвар, дастуру китобҳои дарсӣ аз ҷониби коршиносони ватаниву хориҷӣ муаррифӣ ва баррасӣ мегарданд. Кори чорабинӣ дар ҷаласаи умумӣ ва се ҷаласаи мавзуӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар ташкил ва гузаронидани Форум ҶСП «ТТ-Мобайл», Алянси миллии ТИК дар Афғонистон, ҶММ «Промоушн», Фонди Ҷамъиятии «Интернет», Академия «ТИК барои рушд», Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди Ҷамъиятии «Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет» (ФҶ ТШСИ) ҳамчун шарикон иштирок мекунанд.