Дар даври инфиродии Интернет-олимпиадаи дуюми кушоди байнулмилалии донишҷӯён барои солҳои 2012-2013, ки аз 22 март то 27 март баргузор шуд, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5 медали тило ба даст оварданд.

Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, олимпиада дар шакли санҷиши компютерии on-line дар макотиби олии заминавӣ гузаронида шуд. «Намояндагони ДДТТ аз рӯи фанни «Кимиё» миёни донишҷӯёни солҳои 1-3-юм ширкат варзида, дар байни 41 нафар иштирокчиён аз рӯи соҳаи «Кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал» Шаҳбоз Зулфалиев бо 88 имтиёз, Шаҳбоз Яқуббоев бо 65 имтиёз, Меҳриёр Комилов бо 59 имтиёз, Дилафрӯз Саидалиева бо 56 имтиёз ва Раҳимҷон Абдуллоев бо 50 имтиёз ба медали тило сазовор донита шуданд», - гуфтанд дар ДДТТ.

Дар олимпиадаи мазкур аз рӯи тамоми фанҳо аз 152 мактаби олӣ ё филиалҳои онҳо дар Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 1308 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Даври дуюми интернет-олимпиада дар 33 адад макотиби олии заминавӣ доир гардида, дар Тоҷикистон ба сифати мактаби олии заминавӣ филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Гуфта мешавад, дар рейтинги кишварҳои ИДМ, ки сарфи назар аз соҳа, тамоми макотиби олии минтақа мансубанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба сафи 20-гонаи беҳтарини макотиби олӣ шомил аст.