Шаби гузашта бар асари сактаи қалб журналисти тоҷик, муҳаққиқ ва муаллифи чандин китобҳо Пайванди Гулмуродзода дар сини 56-солагӣ аз олам даргузашт.

Пайванд Гулмуродзода соли 1956 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм намуд. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ дар Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон, соли 1980 ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикиситон ба фаъолият пардохт.

Соли 1989 дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар мавзӯи ««Ташаккули  публисистикаи  шӯравии тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Аз соли 1992 то соли 1996 ба сифати муовини декани факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2005 декани ҳамин факулта шуд. Муаллифи асарҳои таҳқиқотии зиёде оид ба журналистика ва таърихи публисистикаи тоҷик аст.

Пайванди Гулмуродзода имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.