Дар назди Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе қабулгоҳ оид ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба маъюбон кушода шуд, ки дар он ба ниёзмандон ҳуқуқшиноси Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Фотима Шамсиддинова машварат медиҳад.

Фотимаи 25-сола худ ноқисии чашм дошта, соли 2011 бахши ҳуқуқшиносии ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм кард ва айни замон дар аспирантура таҳсил ва ҳамзамон машғули кор буда, ба афроди дорои имконияти маҳдуд кӯмак мерасонад.

«Қабулгоҳи мо ба ҳамаи шахсони дорои қобилиятҳои маҳдуди ҷисмонӣ кӯмак мерасонад, то ки онҳо ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ дастрасии баробар дошта бошанд ва аз ин рӯ, аксаран лозим меояд, ки машваратҳои сайёр баргузор кунем», - мегӯяд Шамсиддинова.

Ба гуфтаи ӯ, қабулгоҳ моҳи феврали соли равон ифтитоҳ гардида, аллакай ба 50 нафар машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод шудаанд, ки қисми зиёдашонро маъюбони гурӯҳи 1-ум ташкил медиҳанд.

«Онҳо бештар ба масоили таъминот бо нафақа, имтиёзҳо барои маъюбон, ҷойи кор ва мушкилоти оилавӣ муроҷиат намуда, мизоҷони мо натанҳо сокинони пойтахт, балки афроди маъюби ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ ва Ҳисору Турсунзода низ мебошанд», - афзуд номбурда.