Кӯдакон – ҷомеаи ояндаи моянд. Аз саломатӣ, рушду тараққиёти онҳо сатҳи некӯаҳволӣ ва устувории ояндаи мамлакат вобаста аст. Солимии кӯдакон аз замони инкишофи батнӣ то давраи наврасӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иҷтимоию иқтисодии миллат ба шумор меравад. Бори гарони бемориҳо ва таваққуф дар инкишоф ба натиҷаҳои манфӣ ҳам барои кӯдаку оилааш ва ҳам барои ҷомеа расонда метавонад. Иқтидори ташаккули ҷисмонӣ, ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ, нутқӣ ва қобилияти маърифатии дар кӯдакӣ истифоданашуда ба зиндагии баъдинаи одам таъсири номувофиқ ва ба наслҳои оянда зарари худро низ мерасонад.

Маҷмӯаи «Далелҳо барои ҳаёт», ки бо кӯшиши умумии ЮНИСЕФ, ТУТ, ЮНЕСКО, ФАСММ, БРСММ, ЮНЕЙДС, БОЧ ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба тариқи пурра нашр шудааст, ба наҷоти кӯдакон ва беҳтар кардани ҳаёти онҳо бахшида шудааст.

Ҳадаф аз нашри ин маҷмӯъ – расонидани маълумот, ки барои таъмини беҳбудӣ ва беҳтаркунии ҳаёти кӯдакон зарур аст. Мақсади асосии он – фароҳам овардани замина, то ки ҳар як шахс ин далелҳоро донад, дарк кунад ва барои амалӣ кардани онҳо ҳавасманд бошад.

«Далелҳо барои ҳаёт» заминаи илмӣ доранд ва дар асоси натиҷаҳои тадқиқотҳои сершумори илмии тасдиқшуда, маслиҳатҳои ТУТ ва тавсияҳои муносиби ташкилотҳои давлатӣ ва илмии миллӣ мураттаб гардидаанд, - мегӯяд сардори Раёсати таъсиси хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев. – Ва аз ҳама муҳимаш ин ки, «Далелҳо барои ҳаёт» ба забони оддӣ тартиб дода шудааст, ки онро ҳам профессор ва ҳам коркуни саҳро ба осонӣ мефаҳмад».

Маҷмӯаи «Далелҳо барои ҳаёт» аз 14 боб иборат аст, ки ҳар яки он ба мавзӯи алоҳида бахшида шудааст: бехатарии модар, синамаконӣ, инкишофи кӯдак, ғизо ва инкишоф, эмкунӣ (вактсинатсия), бемориҳои ВИЧ/СПИД, таъмини зиндагии бехавф ва ғ. Ҳар як боб ба се қисм ҷудо мешавад: муқаддима, паёмҳои асосӣ ва иттилои ёрирасон. Муқаддима – матни кӯтоҳ, вале эътимодноки «даъват ба амал»-ро дар бар мегирад. Он меъёри умумии масъалаи мавҷудбуда ва муҳимии андешидани чораҳоро ҷамъбаст менамояд. Мақсади асосии қисмати муқаддима – дастрас намудани маълумот ва ба таври васеъ паҳн кардани он аз тарафи аҳолӣ мебошад. Муқаддимаро барои муътақид гардонидани роҳбарони сиёсӣ дар роҳи андешидани чораҳо ва ҳавасманд гардонидани воситаҳои ахбори омма истифода бурдан мумкин аст. Паёмҳои асосии мачмӯъа ба падару модар ва шахсоне, ки ба нигоҳубини кӯдакон машғуланд, равона шудаанд. Ин маълумотҳои муҳим барои ҳифзи кӯдакон заруранд. Паёмҳои асосӣ фаҳмо, кӯтоҳ ва дастрас буда, ҳамчун даъват ба амал ташкил дода шудаанд. Ин паёмҳо бояд бо роҳҳои мухталиф тавассути воситаҳои гуногуни робита ба дигарон расонида шаванд. Иттилои ёрирасон паёмҳои асосиро муфассалтар равшан месозанд ва маълумоти иловагиро медиҳанд, ки тавсияҳо ва ҷузъиёти заруриро дарбар мегиранд. Иттилои ёрирасон барои ҳамагоне, ки маълумоти бештареро доштан мехоҳанд, муҳим аст.  

Барои паҳнкунӣ дар Тоҷикистон ду боби ин мачмӯъ интихоб карда шуданд. Чоп ва тарҷумаи ин нашрияи махсус аз тарафи ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ шуд.

Ш. Раҳматуллоев қайд намуд, ки тибқи иттилои ТУТ, тақрибан дар 30% мавридҳои фавти кӯдакон, тифлон аломатҳои норасоии ғизоиро доштанд.

«Бинобар ин чун омилҳои асосӣ барои паҳнкунӣ дар Тоҷикистон мо бобҳои «Синамаконӣ» ва «Ғизо ва рушд»-и далелҳоро интихоб намудем, - гуфт ӯ. – Тибқи натиҷаҳои тадқиқотҳо, 8% кӯдакон норасоии вазнӣ доранд, 30 аз 100 нафари кӯдакон қади паст доранд, қариб ҳар дуюми онҳо аломатҳои камхунӣ доранд ва ҳамаи ин бо вайроншавии системаи ғизо вобаста аст. Асоси «фундамент»-и кӯдак то 2-солагӣ сохта мешавад. Яъне, ин 1000 рӯзи давраи муҳимтарини рушди кӯдак – 270 рӯз дар батни модар ва 730 рӯз дар ду сол. Ва агар ана дар ҳамин маврид ҳам кӯдаку ҳам модар ғизои мукаммал дошта бошанд, кӯдак дар оянда солим ба воя мерасад».

Ба гуфтаи ӯ, 24% занони тоҷики синну соли таносулӣ аз камхунӣ, 56% - аз норасоии йод дар организм азоб мекашанд. Ин далели он аст, ки ин занон ё ғизои хуб намехӯранд, ё ба онҳо ғизои хуб дастрас нест ва дар оянда кӯдакони онҳо низ ба ин ва дигар бемориҳо дучор мешаванд. Дар замони ҳозира синамаконӣ ҳамчун як усули пурсамари ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдакон ба ҳисоб меравад. Кӯдаконе, ки сина мемаканд, назар ба тифлоне, ки хӯрокашон аз озуқаи сунъӣ иборат аст, камтар бемор мешаванд. Синамаконӣ ба ҳифзи кӯдак аз як қатор касалиҳои маъмул мусоидат мекунад ва инкишофи муътадилу рушди хуби ҷисмонӣ ва асабонию рӯҳиро таъмин мекунад.

«Агар ҳамаи тифлон то 6-моҳагӣ фақат шири модарро хӯранд, дар тамоми олам ҳамасола тақрибан 1,5 млн. ҳаётро муҳофизат ва саломатию инкишофи миллионҳо кӯдакони дигарро беҳтар кардан мумкин аст, - мегӯяд Ш. Раҳматуллоев. – Дар Тоҷикистон умуман бояд синамаконӣ проблема набошад, чунки дар ин ҷо зан – аввалан модар аст. Лекин, мутаассифона, имрӯз зани тоҷик қоидаҳои ахлоқи бегонаро қабул карда, мехоҳад кӯдакро ба зудӣ аз сина ҷудо намояд ва хӯроки сунъӣ диҳад. Ва баъзан ҳатто фикр ҳам намекунад, ки ин хӯрок ба саломатии фарзандаш зарар оварда метавонад. Инро низ ба назар бояд гирифт, ки чунин хӯрок нархи гарон дорад».

Ба ақидаи ӯ, дар якҷоягӣ бо принсипҳои банақшагирии оила маданияти синамаконии кӯдакро то синни 6-моҳагӣ ва вояи хӯроки солими ӯро дар моҳҳои баъдӣ ҷорӣ бояд намуд.

Тарафи дигари муҳими ин масьала, ба фикри Ш. Раҳматуллоев, паҳнкунии ин маълумот дар байни аҳолӣ аст.

«Лозим аст, ки дар паҳнкунии ин иттилои муҳим бояд ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, соҳаҳои тиб, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маданият, ВАО, пешвоёни мазҳабӣ, намояндагони бизнес, ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд, - мегӯяд Ш. Раҳматуллоев. – Чунки ин як мақсади умумии ҳифзи кӯдакони мо аст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки чунин маълумотҳои амалӣ, ки ба одамон тарзи беҳтар намудани сатҳи зиндагониашонро нишон медиҳанд, қатъиян заруранд».

Ҳар рӯз маънои кашфу дарёфти навро дорад, ки моро бо умеду боварӣ ба фардои дурахшон фаро мегирад. Ҳар рӯзи ҳаёти кӯдак арзандаи диққати ҳаматарафаи падару модару волидайн аст. Бидонед, ки агар имрӯз гармии дили худро ба тифлатон бахшед, ояндаи дурахшонро ба ӯ туҳфа менамоед.