Овозохони маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова бинобар сабаби дар яке аз тарабахонаҳои пойтахт ҷашн гирифтани зодрӯзаш ба риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» айбдор карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонуни мазкури дар соли 2007 қабулшуда, ҷашни зодрӯз ихтиёрӣ танҳо бо аҳли оила ҷашн гирифта шуда, риоя накардани муқаррарот қонуншиканӣ ва ҷаримабандии аз ҷониби суд муайяншуда ҳамчун ҷазо истифода мегардад.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Азизулло Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» ин иттилоъро тасдиқ намуда, зикр кард, ки чанд рӯз қабл С.Қосимова бо ҳузури 60 нафар меҳмонон дар тарабхонаи «Привал охотника»-и шаҳри Душанбе зодрӯзашро ҷашн гирифтааст.

«Рӯзигул Ёрмаҳмадова, ки худро духтари С.Қосимова муаррифӣ намуд, ин далелро тасдиқ намуда, иброз дошт, ки бо ин тарз ба модарашон пас аз бемории тӯлонӣ як туҳфае пешкаш карданӣ будаанд. Мо асноди зарурӣ тартиб дода, ба суди макони иқомати онҳо, шаҳри Кӯлоб пешниҳод кардем. Санад тариқи почта фиристода шуда, муддати як ҳафта ба суди шаҳри Кӯлоб мерасад», - гуфт намояндаи Кумита.

Тибқи баъзе маълумот, ҳаҷми ҷарима ба созмондиҳандагони ҷашн метавонад аз 4 то 20 ҳазор сомониро ташкил диҳад.

А. Мирзоев ҳамчунин гуфт, ба ин монанд санад ҳамчунин нисбати моликони тарабхона тартиб дода шуда, ҳаҷми ҷарима нисбати онҳоро суд муқаррар мекунад.