Барои пешгирии фурӯши адабиёт ва дискҳои сабти видео ва аудиоии динии мамнӯъ дар кишвар намояндагони Кумитаи умури дин ва муассисаи «Тоҷиккино» ба баргузории як рейд дар 10 ноҳияи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ оғоз намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини кишвар дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, рӯзи аввали санҷиш дар бозорҳои ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор ва Тмурмалик комиссия ҳудуди 60 адад дискҳои сабти видео ва аудиои мавъизаҳои динӣ ва даҳҳо нусхаҳои нашри чопии маводи ба ин монандро дарёфт ва мусодира кард.

Ба қавли ӯ, тамоми маводи мусодирашуда ба комиссия дахлдори Кумитаи умури дин супорида шуда, тибқи хулосаи он нисбати қонуншиканон чораҳо андешида хоҳанд шуд.

«Як адад маводи ба фурӯш гузоштаи онҳо 2 сомонӣ арзиш дорад, вале дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ, онҳо метавонанд дар ҳаҷми аз 1,5 то 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шаванд», - иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки ба ин монанд санҷишҳо дар ҳамаи 10 ноҳияи минтақа баргузор хоҳанд шуд.