Ба 10 масҷиди намози панҷгонаи шаҳри Душанбе барои баргузории намози ҷумъа иҷозат дода шуд.

Тавре ба islamnes.tj сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, чанд моҳ қабл 9 масҷиди намози панҷгона низ чунин иҷозат гирифтанд.

«Ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои динии тоҷикистониён ба масҷидҳои панҷгона барои баргузории намози ҷумъа иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин он барои қисман таъмин намудани амнияту бехатарии аҳолӣ дар намози ҷумъа мусоидат мекунад, зеро рӯзи намози ҷумъа назди масҷидҳои ҷомеъ шумори зиёди автомашинаҳо ҷамъ мешаванд», - зикр кард Завқиев.

Ба қавли ӯ, зимни додани иҷозатнома талаботҳо ба масоҷид, аз қабили мавҷудияти шароити анҷом додани оинҳои динӣ, мутобиқат ба меъёрҳои санитарӣ, зистмуҳитӣ, меъморӣ ва зиддисӯхторӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Душанбе 1 Маркази исломӣ, 4 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 19 масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷиди намози панҷгона амал мекунанд. Ҳамчунин дар пойтахт 31 ташкилоти ғайриисломӣ фаъолият доранд.

Айни замон дар Тоҷикистон 3982 масҷид фаъолият дошта, 1 масҷид бо шумули занону ноболиғон, ки ба масҷид намераванд, ба 1,9 ҳазор нафар рост меояд.