Соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки айни замон ба иттиҳоми як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ қарор дорад, аз адвокатҳояш дархост намуд, ки барояш китоби муқаддаси «Қуръон» ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолилиддини Румиро биёваранд .

Бино ба иттилои аъзои Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», Зайд Саидов ҳамчунин аз онҳо дархост кардааст, то ба наздиконаш расонанд, ки ҳеҷ гоҳ яъсу ноумед нашаванд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26-уми май дар Душанбе мебоист анҷумани таъсисотии ҳизби «Тоҷикистони нав» доир мегардид ва сипас гурӯҳи ташаббускор ҳуҷҷатҳоро барои сабт ба Вазорати адлия пешниҳод мекарданд, вале чун роҳбари Гурӯҳи ташаббускор айни замон дар тавқифгоҳ қарор дорад, баргузории анҷуман ба муддати як моҳ мавқуф гузошта шуд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Аввали ҳафтаи равон суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.