Муовини сардабири ҳафтавори «Азия-Плюс», рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Рамзия Мирзобекова барои суҳбат ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ даъват карда шуд. Кормандони Кумита даъватномаро нимаи дуюми дирӯз ба идораи ҳафтавор оварданд.

Ба гуфтаи Р.Мирзобекова, нахуст кормандони Кумита ба ӯ занг зада, ба суҳбат худи ҳамон рӯз исрор варзидаанд, вале чун шарҳ додаанд, ки суҳбат расмӣ сурат хоҳад гирифт, ӯ даъватномаи расмӣ дархост кардааст.

«Даъватномаи санааш дирӯз зикршуда ва сипас ба субҳи имрӯз ислоҳшударо ман охири рӯзи корӣ гирифтам», - иброз дошт рӯзноманигор.

Аз сабабҳои даъвати рӯзноманигор идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» огаҳӣ надорад. «Ба ман танҳо гуфтанд, ки суҳбат ба фаъолияти касбии ман дахл нахоҳад дошт», - афзуд Рамзия Мирзобекова.

Фаъолони Эътилофи барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта таъсис ёфт, даъвати Рамзия Мирзобековаро ба иштироки ӯ дар фаъолияти эътилофи мазкур марбут медонанд.