Зимни баррасии тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи МНМО ҶТ вакили парлумон Суҳроб Шарифов аз роҳбарони хадамоти давлатии санитариву эпидемиологии Тоҷикистон даъват кард, ки мутахассисони ҳирфаиро ба кор қабул намоянд.

«Ахиран дар бораи вазъи санитариву эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли кишвар ва қатораҳои ҷумҳурӣ сиёсатмадорон ва Хадамоти санитарии Русия иҳороти зиёди манфӣ иброз медоранд, вале хадамоти санитарии Тоҷикистон ва роҳбарони он хомӯш буда, умуман ба ҳеҷ гунае ба ин изҳорот вокуниш нишон намедиҳанд», - гуфт ӯ.

Ба андешаи вакили номбурда, мутахассисони босаводу ҳирфаӣ метавонистанд ба ҳамтоҳои русиягии худ дар ин маврид посухи саривақтӣ диҳанд.

Раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита зикр намуд, ки Хадамоти санитарӣ дар нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо бояд фаъолияти густарда дошта бошад. Ба андешаи ӯ, ҳамчунин тақвияти назорат аз болои воридоти маҳсулоти ғизойӣ низ зарур аст.

Зимни шарҳи моҳияти тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолӣ» вакил Маҳмадамин Ҳисориев зикр кард, ки тағйирот ба таъин ва аз кор озод кардани сартабибони Хадамоти санитарии шаҳру навоҳии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дахл дорад.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи тағйироти нав, акнун ҳуқуқи таъину аз кор озод намудани сартабибони Хадамоти санитариву шаҳру навоҳӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад. «Аз ин ҳуқуқ қаблан Хадамоти ҷумҳуриявии санитариву эпидемиологӣ бархӯрдор буд», - таъкид дошт Ҳисориев.