Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки нархи ҳаҷҷи имсола бинобар сабаби болоравии арзиши билети ҳавопаймо ва нархи квота аз ҷониби Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ зиёд шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита,  нархи билети ҳавопаймо ба самти Душанбе-Ҷидда ва Ҷидда–Душанбе имсол нисбат ба соли гузашта 241.5 сомонӣ ва квотаи Вазоарти ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ низ ба ҳамин миқдор афзуд.

Гуфта мешавад, нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон)-ро ташкил медиҳад. Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ин маблағ чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се маротиба хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон , кӯмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сироят кунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Пардохти маблағи ҳаҷ бо доллари ИМА қабул карда мешавад. Кумитаи умури дин сарфи назар аз боло ва ё поён рафтани қурби асъори хориҷӣ (доллар), барои ҳисоббаробаркунӣ бо ширкатҳои хориҷӣ созишномаи сетарафаро байни Кумита, Бонки миллии Тоҷикистон ва бонки хизматрасони ҶСК Ориёнбонк ба имзо расонид, ки бо қурби миёнаи бозори байнибонкӣ баробар ба 4,83 сомонӣ барои як доллари ИМА мутобиқ мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор хоҳанд шуд. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 20-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мегардад. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.