Дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири Маркази кӯдакону наврасони пойтахт Комилҷон Холов хабар дод, дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи кӯдакону наврасон дар Боғи кӯдакони пойтахт (паҳлӯи варзишгоҳи Спартак) бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони кӯдакистон ва толибилмони макотиби таҳслоти умумӣ як чорабинии пуршукӯҳе доир мегардад.

«Дар ин боғ намоишгоҳи ҳанарҳои дастии кӯдакон, мусобиқоти варзишӣ ва озмуни махсуси «Расм дар рӯи асфалт» баргузор шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд», - иброз дошт ӯ.

Аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки имрӯз дар театри лӯхтаки пойтахт барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаҳои ятимони шаҳри Душанбе спектакл намоиш дода шуда, ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳо тақдим карда мешаванд. «Рӯзи 1-уми июн дар Маркази омӯзишии «Чароғи ҳидоят» барои духтарони ятим як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ созмон дода мешаванд», - гуфтанд дар Кумита.