Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиалии Душанбе (ФБМ) табобатгирандагони Маркази ҷумҳуриявии саломатии рӯҳии кӯдакон ва наврасонро ба муносибати таҷлили Рӯзи байнулмилалии ҳимояти қудакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, табрик кард.

Тавре сухангӯи ФБМ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод,  ба табобатгирандагон албом, қалам, ранг ва дигар ҷиҳози мактабӣ тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Маркази ҷумҳуриявии саломатии рӯҳии кӯдакон ва наврасон воқеъ дар шаҳри Душанбе 56 нафар кӯдакону наврасон табобат мегиранд. Кӯдакону наврасон дар баробари табобат дидан, ба таълим низ фаро гирифта шуда, барои табобатгирандагон шароити муолиҷа ва таҳсил фароҳам шудааст.