Рӯзҳои наздик дар назди Маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон озмоишгоҳи биокимиёвӣ мавриди бахрабардорӣ қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори марказ Иброҳим Мӯсоев хабар дод, озмоишгоҳ дар доираи чорабиниҳои «Барномаи рушди низоми тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2012-2015» бунёд гардида, барои сохтмони он аз буҷети вилоят 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. «Озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни бемориҳои дилу раг саривақт ошкор ва муолиҷа карда шаванд», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Мӯсоев, аз буҷети вилоят ҳамчунин ҷиҳати харидани таҷҳизоти истеҳсоли Австрия барои ин озмоишгоҳ 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. «Соли 2010 аз буҷети вилоят барои сохтмони дармонгоҳи бемориҳои дили вилоятӣ 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то имрӯз бинокорон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми дармонгоҳро ба итмом расониданд ва ояндаи наздик он низ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт», - афзуд номбурда.