Дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр, мутобиқати нӯшокиҳои ташнашикани дар фасли гармо мавриди фурӯш қарордошта ба меъёрҳои эътирофшуда, таъмини ғановати бозорҳо бо сабзавоту меваи тару тоза, ҷараёни таъмиру азнавсозии кӯчаву роҳҳо, беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ дар боғҳои фарҳангу истироҳат, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, риояи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ оид ба  танзими расму оин ва дигар масоили рӯзмарраи хоҷагидории пойтахт баррасӣ шуданд.

Бо дарназардошти маълумотҳои дақиқ ва таҳлили фазои фарҳангию ахлоқии шаҳр дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолатҳои алоҳидаву ба мушоҳидарасидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳор нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ дод, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, нисбати ноболиғон ва ҷавонони шабонгоҳон халалдоркунандаи оромии сокинон чораҳои профилактикӣ биандешанд ва оид ба рафторҳои номатлуби онҳо ҷиҳати пешгирии минбаъда падару модаронашон ҷалб карда шаванд.