Як гурӯҳи намояндагони зиёиён ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли номаи кушод ба унвони президенти ҷумҳурӣ аз равандҳои носолим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Матни мактуб дар шабакаи Facebook интишор шудааст.

Дар нома зикр мегардад, ки «зиёиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд, ҳама талошҳои ҳукуматро барои беҳбуд бахшидан ба оромии шаҳрвандон ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлат пуштибонӣ кунанд, аммо дар баробари ин, моро равандҳои носолими иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла фишор нисбат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифин нигарон кардааст».

«Баъд аз он ки Зайд Саидов боздошт шуду лағви дахлонапазирияшро ҳамчун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе бо санаи хеле пештар тартиб доданд ва айбномае, ки дар баробари ӯ эълон гардид, моро ба хулосае водор кардааст, ки ин қазия хислати сиёсӣ дошта, ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рабт мегирад», - баён мегардад дар нома.

Муаллифони нома бар ин назаранд, ки дар боздошти Зайд Саидов, нигаҳдории ӯ ва лағви ваколатҳои вакилияш чандин бандҳои қонунгузории кишвар ва ҳатто Қонуни асосӣ поймол карда шудаанд.

«Давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат метавонад пойдор бошад ва бар зидди фишорҳои даруниву берунӣ мубориза барад, ки ба ҷонибдории шаҳрвандон такя кунанд. Аммо аз корҳое, ки дар рӯзҳои охир рух дода истодаанд, чунин бардошт мешавад, ки гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат махсус мехоҳанд ҳукуматро бо ин кори худ аз мардум дур созанд», - таъкид мешавад дар мактуб.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, боздошти Зайд Саидов барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва обрӯи давлати моро дар назди ҷаҳониён коҳиш медиҳад.

Дар нома аз сарвари давлат дархост мешавад, ки ҳамчун кафили Қонуни асосӣ ба ин кор дахолати бевосита намояд, то ки сохторҳои қудратӣ аз доираи ӯҳдадориҳои худ набаромада, аз пайи ҳалли ин масъала шаванд.

«Итминони комил дорем, аз рӯи адолат ҳал шудани мушкили Зайд Саидов метавонад барои амнияти кишвар, барои зиёд шудани боварии мардум ба раванди интихоботи президентии дар пешистода ва барои обрӯи Шумо ва ҳам кишвари мо таъсири мусбат расонад. Умед ба хиради сиёсии Шумо ва волоияти қонун дар кишвар дорем», - изҳор мегардад дар фароварди нома.