Директори генералии Ташкилоти ғизои СММ (ФАО) Жозе Гратсиану да Силва аз давлатҳои сайёра даъват кардааст, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ ва нимсерӣ дар саросари ҷаҳон чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар изҳороти бахшида ба нашри гузориши ҳамасолаи ташкилот «Ваъи корҳо дар бахши ғизо ва кишоварзӣ» ӯ гуфтааст, сарфи назар аз пешравиҳо дар самти коҳиши гуруснагии аҳолӣ, ки яке аз шакли нимсерӣ аст, барои бартараф сохтани тамоми шаклҳои нимсерӣ корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод.

Дар гузориши «Низомҳои ғизойӣ барои таъмини истеъмоли ғизои мукаммал» зикр мегардад, ки тӯли солҳои 2010-2012 дар саросари ҷаҳон тақрибан 870 млн. нафар аз гуруснагӣ азият кашидаанд ва ин ҳам бидуни зикри шумори боз якчанд млрд. нафар, ки аз камбуди ғизо ба бемориву вазъи мушкили зиндагӣ дучор шудаанд.

Гуфта мешавад, 2 млрд. нафар аҳолии рӯйи замин ба мушкили норасоии микроэлементҳои ғизойӣ мувоҷеҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1,4 млрд. нафар аз фарбеҳӣ ва 500 млн. нафар аз миқдори зиёди равған дар ҷисмашон азоб мекашанд.