Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мурофиаи судии журналист Абдуқаюми Қаюмзод ва роҳбарияти бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" гуфт: “Вазорат ӯҳдадор нест, ки сабаби надодани аккредитатсия ба Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад, вале ба хотири эҳтироми суд, бояд гуфт, ки журналистро бинобар вайрон кардани тартиби аккредитатсия сабти ном накардааст”.

 Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , Муродбек Асламов, ҳамчунин, гуфт, ки мӯҳлати аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод ҳанӯз 31-уми октябри соли гузашта ба поён расидааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, ӯ то 5-уми ноябр дар бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" чор матлаб чоп кард, ки хилофи Низомномаи Вазорати корҳои хориҷӣ аст.

 Вазорат 5-уми ноябр Хуршеди Ҳамдам, раиси дафтари радиои “Озодӣ”-ро даъват карда, ин қазияро шарҳ дод.

 Аммо Абдуқаюми Қаюмзод ба фаъолияти худ идома дода, то 12-уми декабри соли 2012  22 (бисту ду) матлаби журналистӣ чоп кард, ки ин ҳама хилофи тартиботи аккредитатсионӣ дониста мешавад, - гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.

 Дар ҳамин Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд: "Агар чунин аст ин 22 матлаби Қаюмзод бидуни иҷозати роҳбарияти бахши тоҷикӣ чӣ тавр чоп шудааст?

 -Инҷо зери коса нимкоса нест? - суол мегузорад, журналист.

 Вай мегӯяд: "Вазорат ба роҳбари Озодӣ гуфтааст, ки ӯ (Қаюмзод) ҳаққи чопи маводро надорад, вале ӯ чи тавр маводҳояшро чоп кардаст? Магар роҳбарият ин корро қасдан кард?!

 Ҳусейнов Қутбиддин, раисикунандаи мурофиа, дархости тарафи даъвогарро барои иштироки Соҷидаи Мирзо, роҳбари бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" рад карда иштироки ӯро дар мурофиа зарур надонист.

 Ёдрас мешавем, Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Абдуқаюми Қабзод дар мурофиаи қаблӣ, ки 27-уми май баргузор гардид, аз судя дархост карда буд, то Соҷидаи Мирзо, роҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ба догоҳ ҳозир шавад.

 Вай гуфт аз сабаби оне, ки Хуршеди Ҳамдам дар мавриди баъзе саволҳо салоҳиятро ба роҳбарият ҳавола мекунад, лозим мешуморад, ки Соҷидаи Мирзо дар мурофиа даъват карда шавад.

 Гуфта мешавад, мурофиаи навбатӣ 12-уми июн баргузор мешавад.

 Абдуқаюми Қаюмзод сабаби алайҳи радиои "Озодӣ" ба суд муроҷиат карданашро поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатиаш ба унвони корманди радио аз тарафи  акорфармо, яъне роҳбарияти бахши тоҷикӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, масъули бахши Осиёи Марказии радиои "Озодӣ" унвон кард

 Ёдрас мешавем, 29-уми апрел Абдуқаюми Қаюмзод зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки нисбати Намояндагии корпоратсияи радиои Аврупои Озод дар Тоҷикистон, маъруф ба радиои "Озодӣ", ба Суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ бурдааст.

 Бино ба гуфтаи хабарнигор, феълан вай ба Суд аризаи даъвогиро барои барқарор намудан ба кори собиқ ва ситонидани музди меҳнат дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ироа кардааст.

 Бори аввал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қазияи хабарнигори Радиои “Озодӣ” Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ дода, гуфт: Қаюмзод бо сабаби вайрон кардани Низомномаи аккредитатсионии вазорати мазкур сабти ном нашудааст.

 Ин нуктаро намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ 3-юи май, зимни Конфронси ҷумҳуриявии вазъи имрӯза ва дурнамои ВАО дар Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии баён дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иброз дошт.

 Ба гуфтаи Қаюмзод, фармони рақами 1 аз 22-юми апрел, ки оид ба қатъи қарордоди меҳнатӣ миёни ман ва радиои "Озодӣ" ҳаст, ғайриқонунӣ мебошад. Аз соли 2001 ман дар бахши тоҷикии ин радио дар асоси қарордод фаъолият мекунам. Азбаски қарордоди меҳнатии ман бо корфармо баста шудааст, дар ҳолати тамдид накардани аккредитатсияи фаъолияти хабарнигорӣ, корфармо ӯҳдадор аст, ки кормандро бо кор таъмин намуда, ҷиҳати бақайдгирии фаъолияти касбӣ ба зиммаи корфармо гузошта шудааст, - гуфт рўзноманигор.

 - Ҳарчанд Соҷидаи Мирзо, мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ", ваъда кард, ки масъалаи аккредитатсияи ман ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад, аммо хилофи гуфтаҳо, маро 31-уми декабр бидуни огоҳии ман аз кор озод кардааст. Аммо фармони расмӣ танҳо 22-юми апрел ба дасти ман расид", - мегӯяд Абдуқаюми Қаюмзод.Дар мурофиаи судӣ Соҷидаи Мирзо, роҳбари бахши тоҷикии Радиои "Озодӣ", иштирок накард.

Сарчашмаи хабар:  http://tojnews.org/