Нимаи дуюми ҳамин моҳ Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Фридрих Науманн ва Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии  «Атлас» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод - Бадахшон 2013»-ро, ки ба мавзӯъҳои иқтисодӣ - масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар шаҳри Хоруғ баргузор мекунад.

Чӣ тавре ки аз дафтари Маркази бозори озоди Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон  тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзӯъҳои алоҳида мебошад. Мусобиқа аз рӯйи формати парламентии америкоӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, мубоҳисаи ҷавони яке аз усули таъсирноки омӯзиш  барои ба даст овардани дониши зарурӣ дар ҷамъияти демократӣ мебошад. Ин мусобиқа барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури интиқодӣ ва маҳорати суханварии иштирокчиён мусоидат менамояд.

Бо андешаи ташкилотчиён, мақсади асосии ин мусобиқаи мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод - Бадахшон 2013» - рушди ҳавасмандии  ҷавонони минтақа буда, барои ба даст овардани дониши иқтисодӣ ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави намоён равона шудааст. Пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба формат ва техникаи мубоҳисавӣ гузоронида мешавад.