Ташкилоти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ аз таҳияи шабакаи иҷтимоӣ дар Интернет бо забони тоҷикӣ даст кашид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов хабар дод, бо назардошти рақобатнопазирии шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дар Интернет дар қиёс бо шабакаҳои бузурге чун «Одноклаасники», «Мой мир» ё Facebook, онҳо ба чунин хулоса расидаанд.

«Дар ҳамдастӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мо тарҳи шабака бо забони тоҷикиро таҳия намудем, вале баъдтар бо мушкилоти молиявӣ дучор омадем ва ғайр аз ин, барои ифтитоҳи шабакаи иҷтимоӣ пойгоҳ (сервер)-и пуриқтидор зарур аст», - иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, корбарони шабакаи Интернети Тоҷикистон ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоии дар боло зикршуда одат кардаанд ва «гап сари он аст, ки дар он ҷо корбарони хориҷӣ хеле зиёданду гуфтугӯ бо онҳо ҷолибтар аст. Аз ин рӯ, шабакаи мо рақобатнопазир мешуд».

Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳор карда буд, ки дар шабакаи Интернет торнамои ба Фейсбук монанди худро боз карданис т. Ба эътиқоди ташаббускорони он, ин сомона бояд ҷавонони тоҷики дохил ва хориҷи кишварро баҳри шукуфоии ватан муттаҳид месохт. «Дар сомонаи зикршуда ба масоили идеал ва арзишҳои миллии халқи тоҷик афзалият дода шуда, бигзор он ҳамчун майдони табодули афкори ҷавонони тоҷик хизмат намояд», - изҳор дошта буданд ташаббускорон.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи майи соли гузашта дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нахустин шабакаи иҷтимоии тоҷикӣ - www.socialnet.tj ба фаъолият шурӯъ кард. Ин ягона шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шабакаи мазкурро ҷавонон – донишҷӯёне, ки машғули барномасозианд, таҳия намудаанд.