Шурӯъ аз дирӯз тамошои шабакаи телевизионии қазоқии К+ дар Тоҷикистон дубора дастрас гардид, ки тамошояш за 28-уми май тавассути мавҷгиракҳои моҳвораӣ ғайриимкон буд.

Чанде қабл аз қатъи дастрасӣ, дар шабаакаи телевизионии мазкур баронмаҳо бо забони тоҷикӣ дар ҳузури журналисти мухолифи тоҷик Додоҷони Атовулло пахш мешуданд, ки ӯ дар он аз президенти Тоҷикистон интиқод мекард. Қатъи дастрасӣ ба шабакаро коршиносон маҳз ба ҳамин барномаҳо рабт дода буданд, аммо иброз дошта буданд, ки қатъи пахши мавҷ аз радиф (спутник) имконнопазир мебошад.

«Ин кор ғайриимкон аст, зеро мавҷ аз радиф ба мавҷқабулкунҳои (антеннаҳои) моҳвораӣ мерасад ва ба қатъи расидани мавҷ мо имкон надорем. Шояд ин мавҷро худи шабака ё провайдери васлкунандаи шабака ба радиф қатъ карда бошад. Шояд мушкилоти фаннӣ низ ҷой дошта бошад, вале дар Тоҷикистон анҷом додани ин кор ғайриимкон аст» - изҳор дошта буд як мутахассиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бидуни ифшои ному насаб.