Хабаргузории эронии «Форс» бо такя ба гуфтаҳои як дипломати ин кишвар иттилоъ додааст, ки барои гузаштан аз хати кириллӣ ба форсӣ Тоҷикистон аз Эрон кӯмак хостааст.

Хабаргузорӣ менависад, Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор намудааст, ки мавзӯи алифбои форсӣ дар Тоҷикистон аз масоили дорои авлавияти Эрон аст.

«Вай бо ишора ба ин ки Тоҷикистон қонуне тасвиб кардааст, ки дар муддати 10 сол хатти идориву мукотиботи расмии ин кишвар аз алифбои сириллик ба алифбои ниёкон (форсӣ) тағйир кунад, Эронро танҳо кишваре донист, ки метавонад дар ин масир ба Тоҷикистон кӯмак кунад», - омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.

Ин гуфтаҳои сафир дар иттилои интишоршудаи хабаргузории «Форс» таҳти унвони «Вазири маорифи Тоҷикистон: Хостори кӯмаки Эрон барои чопи китобҳои мадорис ҳастем» зикр шудааст.

Аммо чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ дар ин робита хабар доданд, сухан сари мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст меравад, ки дар он муовини вазири маорифи Эрон Алиасғари Яздонӣ низ ҳузур доштааст ва дар он масоили табодули таҷриба дар омӯзиши донишҷӯёну кормандони илмӣ, кӯмаки Эрон дар муҷаҳҳаз сохтани нашриёти вазорат, чопи 10 номгӯи асарҳои бадеӣ бо забони форсӣ бо теъдоди 400 ҳазор нусха ва таҳияву нашри дубораи китоби дарсии «Алифбои ниёкон» барои хонадагони синфҳои 4-7-и макотиб баррасӣ шудаанд.

Дар робита ба масъалаи гуфтаҳои сафири Эрон доир ба қонуне, ки мутобиқи он Тоҷикистон бояд дар муддати 10 сол ба истифодаи хати форсӣ гузарад, як манбаъ аз Вазорати маориф изҳор намуд, ки дар ин хусус огаҳӣ надорад ва ҳатто намедонад, ки оё чунин қонун вуҷуд дорад ё на.

Ба эътиқоди ҳуқуқшиносони тоҷик, қонун ё банди ба ин монанд дар қонунгузории Тоҷикистон мавҷуд нест.

Дар навбати худ, дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузории вохӯрии мазкурро таъйид, вале гуфтаҳои зикршудаи сафирро, ки хабаргузорӣ бо истинод ба номи сафир овардааст, тасдиқ накарданд ва дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ин сафорат, инро инкор ҳам накард.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз аввали моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов изҳор карда буд, ки мухолифи гузаштан аз истифодаи хати кириллӣ ба форсӣ аст.