Имрӯз дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои 109 ҳазору 527 нафар нафар толибилмон занги охир садо дод.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, тасмими маҳз ҳамин рӯз баргузор кардани маросими «Занги камолот» барои пурра ба анҷом расонидани барномаи 34-ҳафтаинаи мактабӣ пеш гирифта шуд.

Маросими мазкур муддати як соат идома ёфта, сипас хонандагон тибқи нақшаи таълим ба дарсҳо сафарбар шуданд. Дар маросими ботантана хатмкунандагонро намояндагони Вазорати маориф, роҳбарони шӯъбаҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон ва волидайни толибилмон табрик намуданд.

Соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти сард омадани зимистони имсола таътили тирамоҳӣ ва баҳории толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, аз ин ҳисоб таътили зимистонаро ба муддати 1 моҳ муқаррар намуд. Муддати ду сол аст, ки аз ин таҷриба кор гирифта мешавад.

Вазорати маориф ин амалро ба беҳбуди шароити баргузори чорабиниҳои гуногун, аз қабили баргузор кардани давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин олимпиадаҳо барои толибилмон рабт медиҳад, то ки омӯзгорону хонандагон аз ҷараёни таълим барканор нагарданд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.