Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сабзу хуррамсозии пойтахт пайваста тадбирҳои муассир андешида, бо истифода аз робитаҳои ҷойдошта ва узвият дар Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, муттасил ҷиҳати такомули таҷрибаи мутахассисон тадбирҳо роҳандозӣ мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо ин мақсад як ҳайати мақомоти шаҳрдорӣ аз 11 то 23-юми июни ҷиҳати таҷрибаандӯзӣ дар ин самт ба шаҳрҳои Краснодар, Сочи, Минск ва Маскав сафарбар гардида, бо таҷрибаи пешқадамаи сабзу хуррамгардонӣ ва меъмории муосири шаҳрсозӣ аз наздик ошно мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати мазкур Юсупов Баҳром - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Файзуллоев Қудратулло - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукмати пойтахт, Холов Абдусаттор - сардори Сарраёсати кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Давлатова Гулбаҳор - сардори шуъбаи шаҳрсозии ҶСК «Шаҳрофар» шомиланд.