Чанде қабл зимни мулоқоти вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук масоили дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳо дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Белорус, сафири Белорус манфиатдории кишвараш дар рушди минбаъдаи ҳмкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъминот бо воситаҳои доруворӣ, расонидани хизматгузориҳои тиббии пулакӣ ва иштирок дар тендерҳо оид ба воридоти таҷҳизотро изҳор намуд.

Дар навбати худ, Н.Салимов роҳандозии ҳамкориҳои созгор байни вазоратҳои тандурустии кишварҳоро таъкид намуда, ба масъалаи рушди ҳамкориҳо бо Белорус дар самти маълумоти баъдидипломӣ ва таҷрибаандӯзии табибони тоҷик дар муассисаҳои тандурустии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба афзоиши воридоти таҷҳизоту дорувории тиббӣ ба Тоҷикистон аз Белорус, таҳсилоту такмили ихтисоси донишҷӯёну табибони тоҷик дар ин кишвар ва табодули таҷриба дар бахши трансплантология (гузаронидани узви як инсон ба инсони дигар) кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.