Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, Заррина Раҳмонова, духтари 19-солаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сиёвуш Зуҳуров, писари сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ издивоҷ кардааст.

Бино ба иттилои CA-News, тӯйи арӯсӣ дар бӯстонсарои Пуғуси ноҳияи Варзоб, 40 километрии шимоли Душанбе рӯзи шанбеи гузашта баргузор шудааст.

Дар маҷмӯъ маълумот дар бораи тӯйи духтари президент ва писари мансабдори воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ алҳол дар сатҳи расмӣ тасдиқ намешавад. Ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар тамос шавад.

Заррина Раҳмонова дар коллеҷи Британияи Кабир таҳсили илм намуда, соли 2010 дар синни 16-солагӣ ба сифати ровии телевизион дар Шабакаи аввал бо забони англисӣ суханронӣ карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров донишҷӯи соли 4-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон оид ба бокс буда, дар чандин мусобиқоти байнулмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Модари Сиёвуш хеши ҳамсари президент аст.