Қабули донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб ба панҷ ихтисоси нав шурӯъ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи рушди иқтисодӣ ва навоварии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб хабар дод, аз ҷумла чунин ихтисосҳои мавриди ниёз, аммо аз ин пеш ҷоринашуда, ба мисли сохтумони саноатӣ, тарҳрезии сохтумон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани қубурҳои нафтиву газӣ, нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ, технология ва созмондиҳии бехатарии ҳаракати роҳ ба барномаи таълимӣ роҳ ёфтаанд.

Ба қавли ӯ, бо назардошти 23 ихтисоси нави имрӯз мавҷуд дар ин филиал, наздики 1700 донишҷӯ  ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

«Имсол 412 мутахассис аз рӯйи 18 ришта хатми таҳсил карданд. Ба соли нави таҳсил боз 565 нафари дигар қабул мекунем»,- иброз дошт А. Шоев. Ҳамчунин илова кард, ки аз донишгоҳи шаҳри Кӯлоб 730 нафарашон дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд ва соли ҷорӣ дар нақша аст ҳудуди 200 нафар дар донишгоҳҳо ва академияҳои ФР қабул карда шаванд.