Ҳукумати Ҷопон дар доираи лоиҳаҳои кӯмаки бебозгашти башардӯстона ба шаҳри Хоруғ кӯмак мекунад.

Тавассути ин лоиҳа ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Хоруғ канали ирригатсиониро барқарор карда, техникаи заруриро таъмин хоҳад кард. Ҳафтаи сипаришуда сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва раҳбари ВМКБ Қодир Қосим грант-созишнома оид ба «Лоиҳаи барқарорсозии канали ирригатсионии Хоруғ», дар ҳаҷми беш аз 112 ҳазор доллари ИМА-ро имзо карданд.

Дар баробари татбиқгардии ин лоиҳа канали ирригатсионӣ васеъ ва барқарор шуда, 14 ҳазор сокини маҳаллӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Илова бар ин, раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ соҳиби экскаваторе мешавад, ки дар оянда саривақт каналро тоза хоҳад кард.

Кобили қайд аст, ки шурӯъ аз соли 1996, дар доираи кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башардустона, Ҳукумати Ҷопон барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 23 миллион доллари ИМА лоиҳаҳои гуманитариро дастгирӣ кардааст.