Имрӯз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов ба хатмкардагони нахустини худ дипломи дараҷаи бакалаврро супурд.

Алексей Реймерс, сардори филиали мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар бораи маросими дипломсупорӣ чунин ибрози ақида кард: «Барои соли аввал теъдоди хатмкунандагон, ки 12 нафарро ташкил медиҳанд, он қадар зиёд ҳисоб намешавад. Вале, ба ақидаи банда, бояд на аз пайи миқдор, балки сифат шуд. Дар асл шумораи дохилшудагон дар аввал бештар буд, вале ин 12 нафар тавонистанд, ба мушкилот нигоҳ накарда, бо дониши баланди худ ҷавобгӯи талаботи донишгоҳ гарданд. Ғайр аз ин, ҷавонон корҳои дипломиашонро бо баҳои аъло ҳимоя карданд, ки шахсан боиси ифтихори ман ҳам ҳаст ».

 

 

Sohibnazar Sohibnazar''s Slidely by Slidely - Slideshow maker

  Яке аз аввалин донишҷӯён, Дониёр Сатторов, ки аз рӯйи ихтисоси барномасози системавӣ факултаи риёзии филилали донишгоҳи мазкурро хатм кардааст, дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт: «Дар ин факулта таҳсили илм дидан кори саҳл нест. Барои ҳамин донишҷӯёни ояндае, ки мехоҳанд ба факултаи мазкур ҳуҷҷат супоранд, бояд ба ин мушкилот омода бошанд. Онҳо бояд мактабро ба баҳои хубу аъло хатм карда, бо омодагии амиқ  ба ин даргоҳ оянд».

Хатмкардаи дигар - Нилуфар Ҷаъфарова мегӯяд, ки таҳсилро дар Москва идома додан мехоҳад. «Дар оянда мехоҳам барои Тоҷикистони азизам хизмат кунам, ки ҳам техникаву технология, ҳам иқтисодиёти кишварам рушд ёбад».