Муаллимони баъзе мактабҳои ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон давоми беш аз 5 моҳ маош нагирифтаанд.

Тавре зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов хабар дод, дар ду ноҳияи вилояти Хатлон – Шаҳритус ва Ёвон қарздорӣ аз рӯйи пардохти музди меҳнат ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф Ҳабибулло Раҳматов изҳор дошт, ки дар ноҳияи Шаҳритус бо сабаби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз музди меҳнати омӯзгорон дар давоми 5 моҳ пардохт нагардидааст. 

Раҳматов ҳаҷми умумии маблағи пардохтнашударо дақиқ гуфта натавонист, аммо таъкид кард, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон барои пардохти маоши муаллимон аз буҷаи вилоятӣ маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Лутфия Ёқубова овозаҳоро дар хусуси ҷой доштани қарздории ноҳия дар назди муаллимон рад кард. «Муаллимони мо аллакай музди рухсатии худро мегиранд ва дар ноҳияи мо мушкилӣ дар самти дер пардохт шудани маош ҷой надорад»,- таъкид кард ӯ.   

Дар Нозироти меҳнати вилояти Хатлон низ хабари пардохт нашудани музди меҳнати омӯзгоронро тасдиқ карданд. Яке аз омӯзгорони ноҳияи Шаҳритус ба шарти он, ки номаш махфӣ нигоҳ дошта шавад, хабар дод, ки қисме аз мактабҳои ноҳия аз моҳи феврал инҷониб маош нагирифтаанд.