Китоби охирини шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва англисӣ тарҷума шуд.

Китоби номбурдаро Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба забони русӣ бо номи «Империалистическая революция в Бухаре» бо теъдоди 650 нусха ва ба забони англисӣ ба унвони «The Imperialist Revolution in Bukhara» бо теъдоди 650 нусха дар нашриёти «Голд принт» аз чоп баровард. 

«Фитнаи инқилоб дар Бухоро» ҳанӯз соли 2010 зери таҳрири Пайванди Гулмуродзода дар нашриёти «Шуҷоиён» ба табъ расида буд. Онро адабиётшинос Масрури Абдуллоҳ аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст ва таҳрири онро Абдураҳмон Абдуманнонов ва писари муаллиф Рустам Шакурӣ ба ӯҳда доштанд. 

Китоби «The Imperialist Revolution in Bukhara»-ро Баҳриддин Ализода аз тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума карда, онро Джеймс Кларк ва писари муаллиф Анвар Шакурӣ таҳрир кардаанд. 

Дар он муаллиф бо нигоҳи нав воқеаҳои инқилоби Бухороро баррасӣ карда, муайян кардааст, ки он раванди табийи таърихӣ ва иҷтимоӣ набуда, балки истилои болшевикони Русия ва табадулоти давлатӣ будааст. 

Тарҷумам китоб ба китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва китобхонаҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ройгон тақсим карда мешавад.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (1926-2012) яке аз муаллифони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва нахустин Қонуни забони тоҷикӣ тӯли умри пурбаракоти хеш аз худ беш 45 асари илмӣ, пажӯҳишӣ, омӯзгорӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, дарсӣ, услубшиносӣ, матншиносӣ ва фарҳангшиносӣ ба мерос гузоштааст. Миёни ин ҳама фарҳанги дуҷилдаи «Забони тоҷикӣ» дар ҳамкорӣ бо забоншиносони тоҷик, «Таърихи адабиёти советии тоҷик», «Сарнавишти форси тоҷикии Фароруд», «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ», «Нигоҳе ба адабиёти садаи 20» ҳамчун нигине дар маъхази пурғановати адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ шудаанд. Узви Созмони байнулмилалии кумиссиюни таснифи тамаддун дар Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, академисийуни Фарҳангистони Ирон ва Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ ва нишони «Дӯстии халқҳо» ва намояндаи охирон хонаводаи Қозии Бухорои Шариф, Садри Зиё дар Тоҷикистон, пайвандгари наслҳо ва пуле миёни тамаддунҳо - ин накҳате аз чаманзори гулистони умри бобаракоти Муҳаммадҷон Шакурӣ будаанд.