Кумитаи кор бо дини Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои президенти кишварро дар мавриди музди меҳнати имомхатибон эзоҳ дод.

Тавре 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ сардори кумита Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ҳаққи меҳнат танҳо ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ки теъдодашон 265 нафар аст, пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз равияҳои диние, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, аз ҷониби идораҳои марказии шахсиашон, ки асосан дар кишвар намояндагии хешро доранд, маблағгузорӣ мешаванд. «Вале имомхатибони мо аз ин ҳама бархурдор набуданд ва ба хотири дастгирии эшон сардори мамлакат бо чунин иқдом баромад кард», - изҳор дошт Холиқов.

Ба гуфтаи ӯ,  муаяйн кардани музди меҳнати расмӣ ба имомхатибон зидди Конститутсияи кишваре, ки дин аз давлат ҷудост, нест.

«Президент Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш қайд кард, ки вақте имомхатиб ибодат ба ҷо меорад, аҷрашро Худованд ба ӯ медиҳад. Новобаста ба ин, имрӯз имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ инчунин дар тарбияи динии ҷамъият саҳми хешро мегузоранд, ки ин заҳмати эшон дар аксари мамолики мутамаддини ҷаҳон қадр карда мешавад. Барои ҳамин ба Кумитаи кор бо дин ва Вазорати молия супориш дода шуд, ки  вазъ ва роҳҳои таъмини молии имомхатибон дар асоси қонун омӯхта шавад. Ин пешниҳод ба ҳеҷ ваҷҳ зидди талаботи Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон буда наметавонад. Давлат дар асоси Конститутсияи ва қонуни озодии виҷдон ҳуқуқ дорад ба ташкилоти динӣ мадад расонад», - қайд кард А. Холиқов.

Ӯ инчунин илова кард, ки таҷрибаи мазкур дар як қатор мамолики дунё, аз ҷумла, Федератсияи Россия, ИМА, Миср, Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ҷорист, яъне, маош аз ҳисоби буҷаи давлат дода мешавад.

Ба суолҳои рӯзноманигорон, ки оё ин иқдом мазмуни идорашудани динро аз ҷониби двавлат дар назар дорад ё не, Холиқов ҷавоб дод, ки имомхатибон саҳми хешро дар тарбияи мардум мегузоранд, онҳо низ ҳуқуқ ба зиндагиву музди меҳнат доранд.

«Чӣ гуна ихтилофот буда метавонад, ки аз ҷониби давлат ва ташкилот ба онҳо ҳаққи меҳнат ҷудо карда мешавад. Оё бо додани маош ҳуқуқҳои мардум ва ё ташкилоти динӣ поймол мегарданд?  Банда чунин фикр надорам», - гуфт Холиқов.